Дар Тоҷикистон зӯроварӣ нисбати мардону занон зиёд шудааст
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оила имрӯз, 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта 590 ҳолати шикояти мардон аз зӯроварии занон ба ин ниҳод ворид шудааст. Ин рақам назар ба соли 2024-ум 36 ҳолат бештар будааст.
Ҳамчунин, ба иттилои ӯ, занон дар соли 2025-ум 3 ҳазору 609 маротиба аз зӯроварии мардон алайҳашон ба Кумита шикоят бурдаад, ки ин рақам нисбат ба соле пеш аз он 367 ҳолат зиёдтар будааст.
Ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик кам, аммо миёни духтарон зиёд шудаастФайзиддинзода зикр кард, ки ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик кам, аммо миёни духтарон зиёд шудааст. Соли 2025 аз сӯи занон 1 ҳазору 571 ва аз ҷониби духтарон 19 ҷиноят сабт шудааст. Ӯ гуфт, ҷинояткорӣ аз сӯи занон назар ба соли 2024-ум 175 ҳолат кам ва аз ҷониби духтарон 5 ҳолат бештар аст.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
Ҳамчунин, ба иттилои раиси Кумита, соли 2025 ҷиноят алайҳи занон камтар ва аммо зидди духтарон бештар сабт гардидааст. Дар ин сол 3 ҳазор 423 ҷиноят алайҳи занон ва 288 (соли 2024 — 208) ҷиноят нисбати духтарон рух додааст.
Талоқ ва никоҳ дар Тоҷикистон кам шудаастБунафша Файзиддинзода илова кард, ки соли гузашта дар кишвар 8 ҳазору 535 никоҳ бекор гардидааст, ки назар ба соли 2024-ум 567 ҳолат камтар аст.
Дар пайи ҷудошавии оилаҳо, 7 ҳазору 385 кӯдаки ноболиғ ё аз падар ва ё аз модар дур мондаанд. Ин рақам дар қиёс ба соли 2024-ум 1 ҳазору 11 кӯдак камтар будааст.
Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар Тоҷикистон 72 ҳазору 437 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 760 ҳолат камтар будааст.
Файзиддинзода афзуд, ки сои 2025-ум 603 ақди никоҳ дар асоси қарори додгоҳ, яъне дар натиҷаи кам кардани синни никоҳӣ сурат гирифтааст, ки 168 адад аз соли пеш камтар аст.
Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад.
Мақомоти масъул ҳарчанд мегӯянд, ки омори талоқ сол то сол дар кишвар кам мешавад, вале он ҳоло ҳам нигаронкунанда аст. Соли гузашта, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин робита гуфта буд, ки «ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем».
Қаблан, Бунафша Файзиддинзода омили асосии пошӯхрии оилаҳоро ба издивоҷи бармаҳал ва омода набудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона рабт дода буд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)