Раиси шаҳри Гулистон ваъда дод, ки корхонаи маъдантозакунии “Адрасмон” моҳи сентябр дубора ба кор оғоз мекунад
Калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ — «Адрасмон"-и шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин), ки 12 сол боз аз кор мондааст, қарор аст, моҳи сентябри соли равон дубора фаъол гардад. Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, баъди солҳои тӯлонӣ ба калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ дар минтақа сармоягузор ёфтаанд.
Ӯ рӯзи 30-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъди 15 соли бекорхобии корхона, Чин омода шуд, ки барои дигарбора ба кор андохтани он сармоягузорӣ кунад.
«Сармоягузор музди маоши чандсола, маблағи қувваи барқ ва андозҳое, ки чанд сол боз насупорида буданд, ҳамаашро пардохт кард. Ҳоло каме қарздорӣ аз барқ мондааст, ки пардохташ идома дорад. Ҳоло дар корхона корҳои васлу пайвасткунӣ идома дорад. Барои он, ҳудуди 100 корманд ҷалб шудаанд. Дар оянда дар марҳилаи аввал, то 500 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд», — гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Қаблан корхонаи маъдани Адрасмон дар ихтиёри соҳибкорони Қазоқистон буд ва тӯли 12 соли охир аз фаъолият бозмонду дар ҳар нишасти матбуотии ҳукумати шаҳр саволи умдаи хабарнигорон аст.
Илҳом Пӯлодзода дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта бори аввал аз дубора ба кор оғоз кардани ин корхона хабар дода, илова карда буд, ки як ширкати чинӣ ба корҳои васлкунӣ оғоз карда, таъмири хобгоҳи коргарон идома дорад.
Ӯ он вақт гуфта буд, ки маблағи сармоя зиёда аз 50 милион долларро ташкил медиҳад. Аммо аз ширкати чинӣ, ки ин корхонаро дубора барқарор мекунад, ном нагирифт.
«Адрасмон» чаро аз кор монд?Корхонаи маъдани «Адрасмон» дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис ёфта дар канори он шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Дар он замон «Адрасмон"-ро доштани бузургтарин кони нуқра шаҳраки «кӯҳканҳо» мегуфтанд. Фулузоти гаронбаҳо, аз ҷумла тиллову сурб (қурғошим) дар кӯҳҳои Қурама ва Қаромазори ҳамин минтақа ҷойгир буд.
Корхонаи «Адрасмон» дар давраи Шӯравӣ пурра фаъолият мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқдидораш паст шуд. Соли 2006 ин корхонаро ширкати қазоқистонии «Кони Мансур» харид ва сармоягузорӣ кард. Аз соли 2006 то соли 2013 корхона бо 30-40% иқтидор кор мекард.
Аммо корхонаи «Адрасмон» дар соли 2013 худро муфлис эълон кард ва бо ҳамин дигар корхона пурра аз кор монд. Он вақт дар корхонаи маъдани «Адрасмон» ҳудуди 750 коргари маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб буданд. Ин корхона яке аз андозсупорандагони калон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, ки ҳар сол ба буҷети кишвар то 12 миллион сомонӣ андоз месупорид.
Аммо ба далели пастравии арзиши нуқра дар бозори ҷаҳонӣ моликони қазоқистонӣ аз идомаи кор даст кашиданд ва соли 2018 дар пайи баҳси додгоҳӣ корхонаи маъдани «Адрасмон» ба давлат гузаронида шуд.
Дар бораи фаъолият ва қатъи кори «Адрасмон» дар маводи зерини «Азия-Плюс» бештар маълумот бигиред.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)