< Вазири маориф норасоии кӯдакистонҳоро дар кишвар тасдиқ кард. Барои ҳалли он чӣ бояд кард? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазири маориф норасоии кӯдакистонҳоро дар кишвар тасдиқ кард. Барои ҳалли он чӣ бояд кард?

Вазири маориф норасоии кӯдакистонҳоро дар кишвар тасдиқ кард. Барои ҳалли он чӣ бояд кард?
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон норасоии ҷой ва навбатпойиҳо дар боғчаву кӯдакистонҳои кишварро тасдиқ кард ва гуфт, барои барои ҳалли ин мушкилӣ «садҳо кӯдакистон сохтан зарур аст».

Ӯ зимни нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ зикр кард, ки бо дастури президент дар панҷ соли оянда сохтмону ба истифода додани зиёда аз 800 муассисаи томактабӣ зарур аст, ки корҳо дар самт идома дорад.

«Ҳоло „Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2026-2030“ қабул шудааст ва мо дар куҷо заруртар будани сохтмони онҳоро баррасӣ дорем», — илова намуд вазир.


Волидайн моҳҳо интизор мешавандДар ҳамин ҳол, бархе волидайн дар робита ба ин масъала ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки зимни қабул ба муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе баъзан моҳҳо дар навбат меистанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе ноҳияҳо нисбат ба муассисаҳои давлатӣ, кӯдакистонҳои хусусӣ бисёртаранд, вале на ҳама оилаҳо имкон доранд, ки дар як моҳ барои кӯдакистони хусусӣ маслан, 1000 сомонӣ ва зиёдтар аз он  пардохт кунанд.

«Дар кӯдакистонҳои хусусӣ пардохти моҳона аз 1000 сомонӣ зиёдтар буда, на ҳамаи оилаҳо ба ин имкон доранд. Оилаҳое ҳастанд, ки бо ин маблағ як моҳ зиндагӣ мекунанд. Аксари волидайн маҷбуранд, ки якчанд моҳ интизор бошанд, то ки фарзандашон ба кӯдакистон қабул шавад», — мегӯяд Назокат, ки духтарчаашро танҳо баъди се моҳ аз замони пешниҳоди ариза, ба кӯдакистон қабул кардаанд. «Вазорати маориф ба нархномаҳо дар кӯдакистонҳои хусусӣ ҷавобгӯ нест"Аз Вазорати маориф шарҳ доданд, ки пардохти моҳона дар кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҷониби ин ниҳод муқаррар ва мувофиқа намешавад. Он танҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, аз 1-уми январи соли 2026 пардохти моҳона барои хидматгузорӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ зиёд шуда, акнун волидон ба ҷойи 150 сомонии пешина 156 сомонӣ пардохт мекунанд.

Сабаби боло бурдани пардохти моҳона афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст, ки аз75 сомонии соли гузашта то 78 сомонӣ расид.

Дар шаҳрҳои калони кишвар — Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар пардохти моҳона барои таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои давлатӣ дар сатҳи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 156 сомонӣ муқааррар шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва дурдаст маблағи пардохти мазкур ба ҷойи 112,5 сомонии пешина (барои муқоиса: дар соли 2024 — 108 сомонӣ) 117 сомониро ташкил медиҳад. Ин тағйирот ба кӯдакистонҳои хусусӣ дахл надорад



Фарогирӣ бо кӯдакистонҳо то 30,1% афзуд
Равшан Каримзода, муовини вазири маориф зимни нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ гуфт, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 795 муассисаи томактабӣ амал мекунанд, ки аз ин миқдор 167-то хусусӣ, 598-то давлатӣ ва 30-то дар назди вазорату идораҳо фаъолият доранд.

Ба иттилои манбаъ, тайи чор соли ахир сатҳи фарогирии насли наврас бо кӯдакистонҳо аз 15,6% то 30,1% афзудааст.

Мувофиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи кишвар», то соли 2030  фарогирии насли наврас бо кӯдакистонҳо бояд то 50% расонида шавад.

Танҳо соли равон дар ҷумҳурӣ, 65 кӯдакистони давлатӣ ва 32 кӯдакистони хусусӣ ба истифода дода шудааст. Айни замон сохтмони 68 муассисаи томактабӣ ҷараён дорад.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий