< Хонаводае, ки дар Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хонаводае, ки дар Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд

Хонаводае, ки дар Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд
Панҷ узви як оила, ки дар ноҳияи Спитамен аз «консерва» заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Ҷӯразода, раиси ин ноҳия рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итилоъ дод ва илова кард, ки «ҳоло ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд».

Ӯ гуфт, ки охирин заҳролудшуда рӯзи 27-уми январ аз Бемористони марказии ноҳия рухсат шуд. Ҷӯразода илова кард, ки рӯзи ҳодиса беморонро хабар гирифтааст ва табибон ба раиси ноҳия гуфтаанд, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид намекунад.

Қаблан, аз Маркази назорати давлатию санитарӣ (МНДСЭ) дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ки дар деҳаи Хавотаги ноҳияи Спитамен 5 узви як оила пас аз истеъмоли «консерва"-и хонагӣ заҳролуд ва дар бемористон бо бемории ботулизм бистарӣ шудаанд. Ҳамчунин, 9 узви дигари ин оила, ки ин хуришро истеъмол карда будаанд, бо гумони заҳролудшавӣ аз ташхис гузаштаанд.
Ғайр аз ин, аз хонаи ин оила 30 банка «консервахӯришро барои ташхис бурдаанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд. Дар соли 2026 ин якумин ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Суғд будааст.

Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Мутаассифона ҳолатҳои марг ҳам ба қайд гирифта мешавад. 


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий