Аҳолӣ аз барқ беш аз 1 млрд сомонӣ қарздоранд. Вазорат қарздорони калонтарин аз барқ ва истеҳсолу фурӯши онро гуфт
Қарзи истифодаи нерӯи барқ то 1-уми январи соли 2025 аз сӯи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ 3 миллиарду 634,8 милион сомонӣ будааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энерҷии кишвар рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, қарздори калонтарин аз барқ дар Тоҷикистон то ба ҳол аҳолӣ буда, миқдори қарзи онҳо 1 миллиарду 161,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қарздорони дигари калонтарин аз истифодаи барқ дар муқоиса бо соле пеш ба таври зайланд:

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта аз аҳолӣ ва корхонаҳо 92,6%-и пули истифодаи барқро, ки 6,5 млрд сомонӣ будааст, ҷамъоварӣ кардаанд. Ин маблағ нисбат ба соли 2024 (91,1%) 1,6 млрд сомонӣ ё 33% бештар аст.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз аҳолӣ маблағи истифодаи барқ 100% (2,4 млрд сомонӣ) ва аз истифодабарандагони бахши саноат ва тиҷорат (ба истиснои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷикистон») 98% (3,5 млрд сомонӣ) ҷамъоварӣ шудааст.
Истеҳсоли барқу гармӣ дар кишварДар соли 2025 дар Тоҷикистон 23 миллиарду 982,6 милион кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1 млрд 534,9 млн кВт-соат ё 6,5% будааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар соли 2025 ба 1 млн 328,8 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли 2024 ба ҳаҷми 26,4 ҳазор Гкал ё 2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Чунин ба назар мерасад, ки афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ҳам мушкили камбуди нерӯи барқ дар кишварро ҳал накардааст. Сокинони Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳо баръакс аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят мекунанд.
Талафоти энергияи барқ бошад, дар соли гузашта ба 3 млрд 992 млн кВт соат баробар будааст, ки ин 15%-и барқи истеҳсолшударо ташкил медодааст.
Ба қавли Далер Ҷумъа, сатҳи талафот коҳиш ёфта, нисбати соли пеш 482 млн кВт соат ва ё 3,6 дарсад камтар будааст. Аз ҷумла, дар сатҳи шабакаҳои тақсимот 15,6% дарсад барқ талаф шудааст.
Фурӯши 1 млрд 760,3 млн кВт-соат барқ ба АфғонистонБа гуфтаи Далер Ҷумъа, Тоҷикистон дар соли 2025 ҳаҷми умумии содироти барқ 5 млрд 356,1 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2024-ум 1 млрд 454,4 млн кВт соат ё 37,3% зиёд аст.
Ба иттилои ӯ, Тоҷикистон соли гузашта бо маблағи 912,8 млн сомонӣ 2 млрд 666,4 млн кВт-соат барқ фурӯхтааст (содироти тиҷоратӣ). Ин рақам назар ба соли 2024-ум 188 млн кВт-соат ё 7,6% зиёд будааст.
Фурӯши барқ ба кишварҳои зерин анҷом дода шудааст:
— Афғонистон — 1 млрд 760,3 млн кВт-соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;
— Ӯзбекистон — 894,7 млн кВт-соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;
— Қирғизистон — 11,5 млн кВт-соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.
Вазири энергетика таъкид кард, ки «беш аз 90% барқ дар моҳҳои апрел–сентябр (давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо) содирот шудааст».
Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ дар кишвар шикоят мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Далер Ҷумъа илова кард, ки соли гузашта Тоҷикистон 2 млрд 701,9 млн кВт-соат барқ харидааст. Ин назар ба соли 2024 ба андозаи 1,1 млрд кВт-соат ё 67% будааст.
Соли гузашта, аз ҷумла, аз Ӯзбекистон 2 млрд 688 млн кВт-соат ва аз Қирғизистон 13,9 млн кВт-соат барқ харидорӣ шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)