Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ
Ин ниҳод рӯзи 21-уми январ дар гузориши видеоӣ, аз боздоштшуда Зуҳрохон Розиқова ном бурда, гуфтааст, ки ӯ сокини деҳаи Турдиеви ҳамин ноҳия аст.
Ба қавли ВКД, ин зан рӯзи 18-уми январ ҳангоми дарёфти маблағ аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ҳоло мақомот алайҳи Зуҳрохон Розиқова бо иттиҳоми «савдои кӯдакон» (моддаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом дар сурати собит шуданаш ҳадди ақал 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари гумонбар ва ангезаи ба ин кор даст заданаш маълум нест.
Мақомот мушаххас нагуфтаанд, ки тақдири минбаъдаи кӯдаки ӯ чӣ хоҳад шуд. Танҳо дар гузориши ВКД зикр мешавад, ки «тифли 8-моҳа… ба ояндаи нек таъмин гашт».
Хариду фурӯши ноболиғ дар кишвар бори аввал нест. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд боздошт кардаа буд.
Аз ин пештар соли 2024 милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кудакфурушӣ боздошт карда буд. Маълум нест, ки тафтиши парвандаи онҳо ба куҷо расид ва онҳо чӣ ҷазо грифтанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)