Дар соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8% афзудааст. Аз кадом ҳисоб?
Ба иттилои манбаъ, рушди воқеии иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли гузашта мисли соли 2024 — -ум 8,4%-ро ташкил дод.
Аз рӯи ин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ, танҳо Қирғизистон аз Тоҷикистон дар сафи пеш қарор гирифтаанд. Соли гузашта дар ин кишвари минтақа 11% сатҳи рушд ба қайд гирифта шудааст.
Соли гузашта ҳаҷми рушди воқеии ММД Ӯзбекистон ба 7,7%, Қазоқистон — ба 6,5% ва Туркманистон — ба 6,3% (дар зарфи 11 моҳи соли гузашта) баробар шудааст.
Ёдрас мекунем, ки пас аз поинравии рушд дар соли пандемияи 2020 (то 4,5%), тайи 5 соли ахир иқтисоди Тоҷикистон бино ба маълумоти расмӣ, бо суръати нисбатан баланди кофӣ рушд мекунад: 9,2% дар соли 2021-ум, 8% — дар соли 2022-юм, 8,3% — дар соли 2023-юм, 8,4% — дар соли 2024 -ум ва 8,4% — дар соли 2025 — ум.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон зикр карда буд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми ММД 3,4 баробар ва суръати миёнаи солонаи рушди иқтисод дар ин давра 7,6%-ро ташкил дод.
Рушди иқтисод аз кадом ҳисоб таъмин мешавад?Мақомоти кишвар мисли солҳои пешин, суръати баланди рушдро бо ҷараёни мусбати соҳаҳои асосии иқтисод, дар навбати аввал бахши кишоварзӣ, соҳаҳои саноат, сохтмон ва савдо маънидод мекунанд.
Аммо иқтисодшиносони мустақил таъкид мекунанд, ки қисми зиёди рушд на аз ҳисоби тавсеаи истеҳсоли дохилӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии корӣ, балки аз ҳисоби манбаъҳои берунаи даромади аҳолӣ ва истеъмол таъмин шуданд.
Мутахассисони байналмилалӣ низ тақрибан ҳамин нуктаро зикр мекунанд: рушди иқтисод ба сурати умум «ба афзоиши истеъмол ба туфайли афзоиши интиқоли маблағ аз хориҷа таъмин шуд, ки ба оилаҳо барои харидани маҳсулоти ниёзи аввал ва маблағгузорӣ ба беҳбуди шароити зист ёрӣ мерасонад. Қисмати назарраси ин даромадҳо бевосита барои бароварда кардани эҳтиёҷоти маишӣ масраф шуда, хароҷоти оилаҳо асосан ба харидории маҳсулоти ғизоӣ, пардохти хидматрасониҳои тиббӣ ва таъмиру навсозии манзили зист марбут аст».
Дар ҳамин ҳол, омори расмӣ саҳми соҳаҳои асосиро ба ММД-и ҷумҳурӣ дар соли 2025 ба таври зайл нишон медиҳад:
— бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ — 21,9%;
— савдои яклухт ва чакана; таъмири автомобилҳо; меҳмонхона ва тарабхонаҳо — 16,5%;
— саноат — 16,2%;
— андозҳои соф ба маҳсулот — 10,3%;
— фаъолияти нақлиётӣ ва нигаҳдории борҳо; иттилоот ва алоқа — 9,0%;
— сохтмон — 7,1%;
— дигар соҳаҳои хидматрасонӣ — 19,0%.
Таъсири соҳаҳои асосӣ ба рушди ММД (8,4%) тариқи зайл сурат гирифт (бо банди фоизӣ):
— бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ — 2,1;
— саноат — 1,0;
— савдои яклухт ва чакана; таъмири автомобилҳо; меҳмонхона ва тарабхонаҳо — 2,6;
— андозҳои соф ба маҳсулот — 0,8;
— фаъолияти нақлиётӣ ва нигаҳдории борҳо; иттилоот ва алоқа — 0,8;
— сохтмон — 0,7;
— дигар соҳаҳои хидматрасонӣ — 0,4%.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)