< Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш

Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш
Дар пайванд ба кушта ва захмӣ шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш дар пайи як занозании гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб, Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи ин шаҳр ҳамчун гумонбар боздошт шудааст.

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаби 11-уми январи соли равон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шудаанд.

Бар зидди Сулаймон Одинаев бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ — «расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад» ва «авбошӣ» парванда боз кардаанд. Ӯ ба корд задани се тан гумонбар аст.

Радиои Озодӣ ба қавли ҳамсуҳбатонаш навиштааст, ки «баҳс аз як телефони мобилӣ сар шуда, гӯё Муҳаммадалӣ Саъдуллоев телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст».

Фариза, як хеши Одинаев ба ин расона гуфтааст, ки гӯё размикор бо дӯстонаш Сулаймон Одинаевро азият додааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки «худро бо корд муҳофизат кунад». Наздикони Муҳаммадалӣ Саъдуллоев гуфтанд, ки ба ин иддао бовар надоранд, «чун ӯ як ҷавони беозор буд».


Тафтишот фарзияи ниҳоӣ дар мавриди занозаниро хулоса накардааст.

Манобеи ин расона гуфтаанд, ки занозанӣ дар Маркази бозиҳои компютерӣ оғоз нашуда, балки яке аз ҷавонон пас аз оғози кашмакаш ба ин марказ паноҳ бурдааст ва муноқиша онҷо идома кардааст.

«Дар навори дурбинҳои назоратӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, дида мешавад, як нафар талош дорад, вориди Маркази бозиҳои компютерӣ шавад, вале каси дигаре ӯро бо мушту лагад мезанад. Дар навори дигар дида мешавад, ки шаш нафар вориди марказ шудаанд ва инҷо яке зоҳиран бо корд ба се нафар ҳамла мекунад», — навиштааст ин расона.
Қаблан, Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев бо тасдиқи ин ҳодиса ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ сар задааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар наворҳои дурбинҳои назоратӣ дида мешавад, ки пас аз ҳамла Муҳаммадалӣ қалбашро бо дасташ медорад ва аз бинои марказ берун мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, ӯ тақрибан дусад метр поинтар рафта, баъдан аз пой афтодааст. Ӯро ба бемористон бурдаанд ва пас аз соате ҷон додааст.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев рӯзи 12-уми январ ба хок супорида шуд ва ду ҳамроҳи ӯ, яке аз шикам ва дигаре аз даст захм бардошта, ҳоло бо вазъи сиҳатии «миёна» дар бемористон қарор доранд.

Навори муноқишаи гурӯҳе аз наврасон нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор иштироки дастикам 7 наврас дида мешавад. Дар пайи занозанӣ яке аз онҳо захмӣ шуда, ба замин меафтад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст овардааст. Тибқи маълумоте, ки дар шиносномаи варзишгар дарҷ шудааст ӯ мутаваллиди соли 2010 будааст, аммо дар як ҳуҷҷати дигари тасдиқкунанда, ки дастраси «Азия-Плюс» шуд, соли таваллуди Муҳаммадалӣ 2007 ва насабаш Исуфов навишта шудааст. Сабаби ин тафовут дар ҳуҷҷатҳо маълум нест.

Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни наврасон  рух дода буд, ки дар он гоҳе наврасон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта  дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст. 

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий