Саодат Амиршоева даргузашт. Аввалин генералбонуи тоҷик дар замони истиқлол кист ва чӣ корнома дошт?
Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик ва собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, дар 73-солагӣ даргузашт. Ӯ бо пешниҳодҳои ба гуфтаи бархеҳо, ҷасурона дар парлумон ва фаъолияташ дар мақомоти адлия шӯҳрат дошт.
Дӯстону наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Саодат Амиршоева субҳи имрӯз, 14-уми январи соли 2026, вафот кардааст. Сабаби даргузашти номбурда то ҳол маълум нест.
Гуфта мешавад, ҷанозаи генералбону пас аз намози пешини имрӯз дар шаҳри Бохтар, поёни бозори Ҳоҷӣ Шариф баргузор мегардад.
Амиршоева кист ва чӣ гуна генерал шуд?Саодат Амиршоева 10-уми ноябри соли 1953 дар деҳаи Парнаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Роҳи касбиаш аз идораи нотариуси шаҳри Душанбе (1972-1975) оғоз ёфт. Баъдтар сарнотариуси шаҳри Кӯлоб (1975-1985), додраси Додгоҳи халқии шаҳри Кӯлоб (1987-1993) шуд ва соли 1993 сардори Идораи адлияи вилояти Хатлон таъин гардид.

Моҳи сентябри соли 1999, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён ва 70-солагии мақомоти адлияи Тоҷикистон, Амиршоева рутбаи генерал-майор ва унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон"-ро гирифт. Ӯ аввалин занест, ки дар замони истиқлол, либоси генералиро дар Тоҷикистон ба бар кардааст.
Дар як мусоҳиба бо «Азия-Плюс», Амиршоева соли 2022 гуфта буд, «дар асл, ман аввалин зани тоҷик будам, ки либоси генералӣ ба бар кардам. Мутаассифона, ман онро танҳо дар рӯзҳои ид ва мавридҳои махсус мепӯшидам. Акнун бо худ фикр мекунам, ки агар боз ҷавон мешудам, онро ҳар рӯз бо ифтихор мепӯшидам».
Падараш корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва ба гуфтаи худаш, ҳамеша орзу мекард, ки духтарашро дар либоси генералӣ бинанд. Аммо падари Амиршоева моҳи апрели соли 1999, якчанд моҳ пеш аз гирифтани рутбаи генералӣ, вафот кард.
Дар парлумон чӣ корномаҳо дошт?Соли 2008, пас аз 16 сол роҳбарии Идораи адлияи вилояти Хатлон, Амиршоева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шуд. Ӯ вақте ки ӯ дар интихоботи миёндаврии моҳи августи соли 2008 ғолиб омад, узви ҳизби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) набуд. Баъдтар, соли 2010 аз номи ҲХДТ боз ба парлумон роҳ ёфт.
Амиршоева узви Кумитаи парлумон оид ба дифоъ, ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва амният буд ва бо пешниҳодҳои ҷасурона дар ҷомеа шӯҳрат пайдо кард.
Яке аз корномаҳои ӯ пешниҳоди манъи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон буд. Соли 2012 вақте ин пешниҳодро манзур кард, бархе вакилон зид баромаданд, вале Амиршоева пас нагашт. Ӯ дар ҳамон мусоҳиба бо мо гуфта буд, «ояндаи миллатро бояд наҷот дод ва тавре бояд амал кард, ки тоҷик дигар фарзанди маъюб таваллуд накунад».
Баъдтар, пас аз баррасии васеъ ва таҳқиқи таҷрибаи дигар кишварҳо, ин пешниҳод амалӣ шуд. Амиршоева он вақт муътақид буд, ки ҳатто агар қонун қабул нашавад ҳам, баҳси оғозшуда 80% ҷавононро огоҳ кардааст. Воқеан, ин пешниҳод ва баъдан қабул шудани он дар ҷомеа баҳсҳои тундро дар пай дошт.
Мухолифи никоҳи духтарони тоҷик бо хориҷиёнИстодагарии генерал Амиршоева дар баробари ба хориҷиён шавҳар кардани занону духтарони тоҷик яке аз дигар пайкорҳои замони ваколаташ буд.
Ӯ соли 2022 ҳам гуфта буд, «ҳоло ҳам зидди шавҳар кардани духтари тоҷик бо хориҷиён ҳастам. Ин кор ба хотири сарвату маблағ мешавад, вале барои ояндаи миллат хатарнок аст».
«Масалан, агар имрӯз сад духтари тоҷик шавҳари чинӣ кунад, фардо сад фарзанди чинӣ таваллуд мешавад ва дақиқ аст, ки чиноӣ номи фарзандашро тоҷик намегузаронад. Маълум мешавад, ки дар як сол дар Тоҷикистон сад чинӣ зиёд шуд. Баъди 50 сол дар ин ҷо аз тоҷик ному нишон намемонад. Мо бояд духтаронамонро дуруст тарбият кунем, ки ба чунин роҳҳо наравад. Духтарони тоҷик шарафу номуси мо ҳастад», — мегуфт генерали фақид.
Аммо Амиршоева эътироф карда буд, ки ин пешниҳодро ба парлумон манзур накардааст, чунки он хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, ки озодии никоҳро кафолат медиҳанд.
Дар бораи масъалаҳои артиш ва хидмати пулакӣАмиршоева бо дидгоҳи танқидӣ ба масъалаи хидмати пулакӣ дар артиш менигарист. Ӯ мегуфт, «ин қонун танҳо ба табақаи дороҳову тоҷирону сарватмандон ва қишри алоҳидаи аҳолӣ нигаронида шудааст ва дар доираи ин қонун танҳо фарзандони онҳо хидмат карда метавонанд».
«Ин роҳи баромадан аз мушкилӣ нест. Бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ ва мардонагиву шарафмандӣ тарбият кард», — таъкид мекард нахустгенералзани тоҷик.
Соли 2015 Амиршоева қарор дод, ки дар интихоботи парлумонии он сол иштирок накунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, «парлумонро тарк мекунам, аммо хонашин намешавам».
Баъди хориҷ шудан аз парлумон, Амиршоева ҳамчун вакили дифоъ дар шаҳри Бохтар кор кард ва узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон шуд.
Дар мусоҳибаи соли 2022 бо «Азия-Плюс» ӯ гуфта буд, ки мардум бештар бо мушкилиҳои оилавӣ, даъвоҳои никоҳ, манзил ва замин муроҷиат мекунанд. Аммо бо оғози пандемияи коронавирус, бинобар синну сол ва вазъи саломатӣ, фаъолияташро маҳдуд карда буд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)