Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Озмун аз рӯи панҷ номинатсия доир гардид. Дар номинатсияи «Назм» ҷойи дуюмро китоби «Ёқути имон"-и Мафтунаи Қосим, дар номинатсияи «Наср» ҷойи якумро китоби «Дорои бузург"-и Барот Абдураҳмон, дар номинатсияи «Публисистика» ҷойи якумро «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ"-и Субҳон Қурбонов, дар номинатсияи «Назми бачагона» ҷойи якумро «Алифбои аҷоиб"-и Латофат Кенҷаева, дар номинатсияи «Насри бачагона» ҷойи якумро асари «Қафасоб"-и Маҷид Салим ва дар номинатсияи «Тарҷумаи адабӣ» ҷойи якумро «Светотень"-и Муҳаммад Ғоиб сазовор гардиданд.
Ҳамчунин зимни ин озмуни ҷумҳуриявӣ озмуни «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» ҷамъбаст гардид, ки ҷойи якум ба Рӯзномаи «Садои мардум» дода шуд. Дар номинатсияи «Рӯзнома ва маҷаллаи соҳавӣ» ҷойи якум ба маҷаллаи «Каломи табиб» ва дар номинатсияи «Рӯзнома ва маҷаллаи минтақавӣ» ҷойи якумро Нашрияи «Анвори дониш» ба даст овард.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.
Ба озмун китобҳое пешниҳод гардиданд, ки мазмуну муҳтавояшон бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро фаро гиранд, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтода, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки Тоҷикистонро барафрӯзанд ва ҳамчунин бо ороиши хуб муқовабандӣ шуда бошанд.
Китобҳое, ки соли 2025 аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расида, барои иштирок дар озмуни «Китоби сол-2025» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешкаш карда шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, на ҳама китобҳои пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ҷавобгӯ буданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)