< Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
​Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои рушди устувори давлат ва ҷомеа», «Маориф аз самтҳои асосӣ» ва «Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди соҳаи саноат» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, рушди босуръати саноатикунонии мамлакатро тақозои рӯз номиданд.

Дар ҳақиқат,  саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриамонро аз бисёр ҷиҳат ба давлати воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Аз ҷониби дигар, ба ин восита ҷойи нави кор пайдо шуда, шароити зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ки ин бар нафъи шаҳрвандон мебошад.

«Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои бузург вазифаи омӯзгорон мебошад. Зеро аҳли зиё бояд дар рушди ватани азизамон, баланд бардоштани мақоми шаҳрванд дар ҷомеа ва сатҳу сифати маориф саҳми асосӣ гузошта, дар ин ҷода сидқан фаъолият намоянд»,-иброз гардид дар ҷамъомад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий