20 декабр Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар ҷараёни Конгресс як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, иштирокчиён протоколи Конгресси қаблии Федератсияро, ки 14 декабри соли 2024 баргузор шуда буд, тасдиқ мекунанд. Ҳамчунин ҳисоботи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2025 пешниҳод ва муҳокима хоҳад шуд.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзнома баррасии ҳисоботи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024 мебошад. Дар баробари ин, буҷаи Федератсия барои соли 2026 тасдиқ гардида, ҳисоботи аудитори мустақил вобаста ба натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи молиявӣ барои соли 2024 ироа мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар кори Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) низ иштирок хоҳанд кард. Ҳузури онҳо аҳамияти баланди чорабиниро нишон дода, нақши Тоҷикистонро дар рушди футбол дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид мекунад.
Интизор меравад, ки қарорҳои қабулшуда дар Конгресс ба таҳкими сохтори идоракунӣ, рушди молиявӣ ва пешбурди минбаъдаи футболи тоҷик дар солҳои наздик мусоидат хоҳанд кард.
Рӯзномаи Конгресс масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
▪️ Тасдиқи протоколи қаблии Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2024;
▪️ Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2025;
▪️ Ҳисоботи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024;
▪️ Тасдиқи буҷаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2026;
▪️ Ҳисоботи аудитори мустақил дар бораи ҳисоботи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё дар Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)