“Истиқлол” бори чордаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд
Сиёваш Ҳақназарӣ дар дақиқаи 25-уми бозӣ ҳисбро ба фоидаи «Истиқлол» кушод. Дмитро Билоног дар дақиқаи 35-уми бозӣ аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Бенжамин Ампоса аз ҳайати «Вахш» беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд.
Бо ин ғалаба «Истиқлол» бо касби 49 имтиёз қаҳрамони мавсими имсолаи Лигаи олӣ гардид. Ҳоло «Истиқлол» боз бо «Истаравшан» рӯзи 12-уми декабр бозии мавқуфмондаро анҷом медиҳад.
Бошгоҳи «Истиқлол"-и Душанбе таҳти роҳбарии Игор Черевченко медалҳои тиллои Лигаи олиро ба даст оварда, бори чордаҳум дар таърихи худ қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
Бошгоҳи пойтахт қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 унвони қаҳрамони кишварро ба даст овардааст.
«Истиқлол"-ро барои пирӯзӣ дар чемпионати Тоҷикистон-2025 табрик намуда, дар Лигаи даъвати КФО-2026/27 баромади муваффақона таманно дорем!
Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)