Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи ноябр бақайдгирии рақамии нафақахӯрон оғоз шуда, то охири моҳи декабр идома мекунад. Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар барномаи мазкур «ба баланд гардидани сифати зиндагии нафақахӯрон, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд» ва дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии маҳалли худ муроҷиат кунанд. Ин шабу рӯз шуъбаҳо бидуни рӯзи истироҳатӣ кор мекунанд.
Нафақахӯрони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба назди онҳо рафта, ба қайд мегиранд.
Бархе сокинон гуфтанд, дар рӯзҳои аввали бақайдгирӣ, дар шуъбаҳои нафақа дар шаҳру навоҳӣ навбадпоии тӯлонӣ буд, вале рӯзҳои охир шумораи онҳо кам гардидааст.
Ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар бақайдгирии рақамӣ ё шинохти чеҳраи нафақахӯрон бояд то охири моҳи декабри соли равон анҷом дода шавад ва он имкон медиҳад, нафақахӯрон шахсияти худро «бевосита ва дар вақти мувофиқ» тасдиқ кунанд.
«Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бақайдгирии нафақагирон дар вақти воқеӣ тавассути нусхагирӣ намудани шиноснома ва шинохти чеҳра ба роҳ монда шавад. Иқдоми мазкур хизматрасониҳоро осонтар намуда, барои тасдиқи бехавфи шахсият ёрӣ намояд», — омадааст дар хабари расмии ин ниҳод.
Тибқи иттилои расмӣ ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2025 шумораи нафақагирон 863 ҳазору 690 нафахӯр зиндагӣ мекунанд. Маълум нест, ки то ҳол мақомот чанд нафақахӯрро ба қайд гирифтаанд.
Ҷузъиёти дигар дар бораи бақайдгирии рақамии нафақахӯрон маълум нест. «Азия-Плюс» ба Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ барои гирифтани маълумоти бештар муроҷиат кард, вале то ҳол посухи расмӣ нагирифтааст.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 470,62 сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ ба 585,05, суғуртавӣ — ба 470,57 ва иҷтимоӣ — ба 330,60 сомонӣ баробар шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, соҳаҳои гуногунро дар кишвар рақамӣ гардонад. Аммо сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, мукилоти гуногун, аз бебарқӣ ва интернетӣ паст дар кишвар ба рақамикунонӣ монеа эҷод мекунад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)