Мақомот сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро шарҳ доданд
Дар хабарномаи ВКД омадааст, сӯхтор соати 8:18 сар зада, соати 10:30 «ба пуррагӣ хомӯш карда шуд».
Мақомот мегӯянд, то расидани сӯхторнишонҳо «алангаи оташ мағозаҳои қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн дар масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои ҳамшафати он ба миён омада буд».
Мақомот дар бораи ҳаҷми зарар ва сабаби оташсӯзӣ чизе нагуфтаанд. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо ишора шудааст, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)