Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар доираи форум Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиқов вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин ба масъалаи таҳияи харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои мутақобил ва тавсеаи истифодаи имконияти мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми иқтисодии СПЕКА яке аз чорабиниҳои муҳими минтақавӣ буда, ҳамасола дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Тоҷикистон соли 2024 мизбони ин форум буд, ки он таҳти унвони «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» доир гардид.
Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) соли 1998 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)