Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти фаъолгардонии робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, густариши заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба ва истифодаи самараноки имконияти мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи шарокати мутақобили судманд таъкид намуданд.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули афкор доир шуд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)