Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Дар ҷаласа намояндагони 15 давлати минтақа иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҷаласа муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Раиси Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми муносибатҳои ду давлат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа Шермуҳаммад Шоҳиён котиби ҷаласаи Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё интихоб гардид.
Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки Асамблеяи парлумонии Осиё имрӯз ба таҳкими робитаҳо, махсусан бо созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва кишварҳои шарику ҳамфикр, ки сулҳу суботро ба андозаи зарурӣ муҳим арзёбӣ мекунанд ва ҷонибдори сулҳу амнияти минтақа мебошад, ниёзи бештар дорад.
Ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дод, ба самъи иштирокдорони ҷаласа расонида шуд. Ин ташаббус дар шароити пуршиддат ва вазъи ноустувори ҷаҳон барои ҳамкории судманди кишварҳои минтақа ба хотири барқарорсозии сулҳи пойдор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шермуҳаммад Шоҳиён инчунин оид ба саҳми Ассамблеяи парлумонии Осиё дар пешбурди манфиатҳои ҳама мардумони минтақаи Осиё, хусусан дар масъалаҳои рушди иқтисодӣ, умумияти фарҳангию таърихӣ, тамаддунӣ ва маънавии мардумони минтақа андешаронӣ намуд.
Доир ба ҳама масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)