< НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд

НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд
​Дар маҷмааҳои истиқоматӣ  дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои муосири баландошёна идома дорад.

Ба иттилои мутахассисон, панелҳои офтобӣ дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд ва он ҳамчун манбаи тозаю дастрас истифода бурда мешавад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки истифодаи таҷҳизоти офтобӣ хароҷоти худро дар муддати 3–4 сол пурра ҷуброн карда, солҳои зиёд ба сокинон хизмат мерасонад.

Иброз гардид, ки ба манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ — энергияи ҷараёни обҳои дарёҳо, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ, энергияи Офтоб, энергияи бод, энергияи обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгор дохил мешаванд. Энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зарароварро ба вуҷуд намеорад.

Дар ҷумҳурӣ истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи Офтоб ва шамол тақвият дода шуда, дар 5 соли оянда 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 МВт амалӣ мегардад. То соли 2030 ин иқтидор то ба 800 МВт расонида мешавад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий