< Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад

Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
​Тибқи нақшаи пешбинишуда, китоб барои 36 ҳазору 611 хонавода ворид гардида, бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ба оилаҳои ноҳия тақдим карда мешавад.

Ин иқдоми неку фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби сокинони ноҳия бо самимият ва эҳсоси баланди ифтихор пазируфта мешавад.

Оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.

Масъулин иброз намуданд, ки тақдими ин шоҳасари безавол ба ҳар хонавода идома дошта, рӯзҳои наздик ҳамаи 36 ҳазору 611 хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин туҳфаи пурқимати Пешвои миллатро дастрас менамоянд.

Сарчашма: khovar

Комментарии (0)

Оставить комментарий