< Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид

Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
​Вохӯрӣ дар мавзуи «Нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз» доир гардид. Зимни он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки дар шароити имрӯза ҷаҳони муосир ба тафаккури кушод, фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ниёз дорад, омӯзгорон вазифадоранд муҳите фароҳам оранд, ки дар он хонандагон арзишҳои миллӣ, эҳтироми ҳамдигар ва иродаи созандаро парвариш диҳанд. «Ваҳдати миллӣ, ки арзиши олӣ ва дастоварди бузурги давлати мо мебошад, маҳз тавассути маорифи устувор ва тарбияи шахсиятҳои бедордилу худогоҳ ба наслҳои оянда интиқол меёбад»,-гуфт Рудобаи Мукаррам.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий