Дар Эрон моҳномае дар бораи Тоҷикистон ва адибони шинохтаи тоҷик ба чоп расид
«Дар ин шумора хонандагон бо мақолаҳое, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, аз ҷумла „Қофиласолори адабиёти Тоҷикистон“ (Зиндагӣ ва осори устод Айнӣ), „Парчамдори шеъри Тоҷикистон“ (Мирзо Турсунзода), „Пешгоми насрнависони тоҷик“ (Сотим Улуғзода), зиндагӣ ва осори Қамбархон ва Муаззамхони Хуҷандӣ, Мирсаид Миршакар ва Гулчеҳра Сулаймонӣ ошно мешаванд», — гӯфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ таъкид карданд, «ахборе аз Тоҷикистон — баргузории Симпозиюми байналмилалии бузургдошти Ибни Сино дар Душанбе, чопи китоби „Робиаи Балхӣ дар оинаи адабиёти дарӣ“ ва дигар навиштаҳо дар бораи Тоҷикистону тоҷикон зиннатбахши ин шумора аст».
Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар ин шумора Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар моҳномаи мазкур мусоҳиба бо доктор Меҳрдоди Рахшанда — сарпарасти ЭКО дар бораи барномаҳо, дурнамо ва ибтикорҳои нави ин ниҳоди фарҳангӣ ҷой шудааст.
Моҳнома дар шакли PDF ва китобчаи рақамӣ (диҷитолӣ) барои ҳамаи дӯстдорони фарҳанг ва муҳаққиқон дастрас аст.
Бояд гуфт, ки ЭКО ташкилоти байнидавлатии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Осиё буда, соли 1963 дар Теҳрон аз тарафи раҳбарони Эрон, Покистон ва Туркия таъсис дода шудааст. Ҳоло ЭКО 10 кишвари узв дорад: Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбакистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар ҳам дар Эрон шумораи № 8-и маҷаллаи «Самарқанд» дар 720 саҳифаба рӯзгор ва осори Фарзона Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Шумораи дигари ин маҷалла ҳам ба бузургдошти устод Садриддин Айнӣ эҳдо гашта буд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)