< Медали нуқраи Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо -2025 » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Медали нуқраи Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо -2025

Медали нуқраи Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо -2025
​Дастаи «Ред Стар» мусобиқаро дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ оғоз намуда, бар тими «Акияма Саттимо"-и Италия бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ бошгоҳи ҷудои «Ред Стар» ғалабаро бар «Голден Гори"-и Гурҷистон бо ҳисоби 4 бар 0 ба даст овард.

Дар финали мусобиқа тими «Ред Стар» бо дастаи ҷудои «ПСЖ"-и Фаронса рақобат карда, бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб гардид. Темур Раҳимов дар финал дар вазни +90 кг бар Алишер Юсупови ӯзбек пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамин тавр, тими ҷудои «ПСЖ» қаҳрамон ва соҳиби медалҳои тилло шуд. «Ред Стар», ки дар ҳайаташ Темур Раҳимов баромад намуд, медалҳои нуқраро соҳиб гардид. «Голден Гори"-и Гурҷистон ва «Женис"-и Қазоқистон медалҳои биринҷии мусобиқаро тақсим карданд.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий