Тоҷикистону Эрон хатсайрҳои нави ҳавоӣ боз мекунанд: ба Киш ва Машҳад
Тоҷикистон ва Эрон хатсайрҳои ҳавоии нав боз мекунанд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди ҳамлу нақли бору мусофирон равона шудааст. Дар ин бора Агентии авиастсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аллакай аз рӯзи 19 ноябр ширкати ҳавопаймоии эронии «Раймонд Эйрлайнз» парвозҳои навро дар масири Машҳад–Душанбе–Машҳад оғоз мекунад. Парвозҳо дар ин самт ҳафтае ду маротиба сурат мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, аз 28-уми ноябр бо мақсади афзоиши равуои сайёҳон байни кишварҳо ва таҳкими робитаҳои корӣ оғози парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» дар хатсайри Киш-Душанбе-Киш низ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ин масоил зимни вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Эрон Ҳусейн Пурфарзон баррасӣ шуданд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)