< Боздошти як ҷавон, ки худро ба пулис "наздик" гуфта, аз мардум пул мегирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти як ҷавон, ки худро ба пулис "наздик" гуфта, аз мардум пул мегирифт

Боздошти як ҷавон, ки худро ба пулис "наздик" гуфта, аз мардум пул мегирифт
​Ин ниҳод шоми 29 октябр бо пахши як навори видеоӣ гуфт, Обид Наимови 24- сола, сокини шаҳри Хуҷанд давоми моҳи ҷорӣ аз як сокини шаҳри Истаравшан бо ваъдаи озод намудани бародари маҳкумшудааш, беш аз 34 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ҳамчунин вай моҳи июли соли равон бо ҳамин шева аз як сокини шаҳри Душанбе бо ваъдаи ин, ки мошинашро аз ҷаримагоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ мебарорад, 1500 сомонӣ гирифта, барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода бурдааст.

Обид Наимов дар ин барномаи иқрор мешавад, ки барои ба бовари мардум даромадан худро аз наздикони кормандони ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардааст.

Тасдиқи дурустии ҳарфҳои ӯ аз дигар манбаъҳо дастрас нест. Ва низ маълум нест, ки навор дар чӣ шароите сабт шудааст.
ВКД мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий