Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои об Комиссияи муштарак таъсис додаанд
Ҳукумати Тоҷикистон 18-уми октябри соли 2025 низомномаи комиссияро тасдиқ кардааст. Комиссия дар асоси созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва девони вазирони Қирғизистон, ки 13-уми марти соли 2025 дар Бишкек имзо шуд, таъсис ёфтааст.
Расонаҳои Қирғизистон хабар додаанд, ки рӯзи 9-уми окятябр дар шаҳри Душанбе, нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шудааст.
Ҳайяти Тоҷикистонро Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҷониби Қирғизистонро Алмаз Жээналиев, муовини вазири захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди ин кишвар роҳбарӣ кардаанд.
Ба навиштаи хабаргузории Кактус-медиа дар ҷаласа намояндагони ду кишвар низомномаи комиссия, масъалаҳои ҷалби сармоя барои таҷдид ва барқарорсозии иншооти гидротехникии барои минтақаҳои наздимарзӣ муҳимро баррасӣ кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол дар хусуси баргузории ин ҷаласа иттилоъе нашр накардаанд.
Аз Вазорати энергетика ба «Азия-Плюс» танҳо тасдиқ карданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, роҳбари Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон интихоб шудааст.
Тибқи низомнома, комиссияи муштарак бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи истифодаи захираҳои об, таъмини дастрасӣ ба иншооти обӣ ва энергетикӣ ва барои пешгирӣ ва ҳалли масъалаҳои эҳтимолии идоракунии об таъсис ёфтааст.
Аз рӯйи ҷадвали тақсимоти об амал кардан, ташкили мубодилаи маълумот аз дидбонгоҳҳои обченкунӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҷалби сармоягузорӣ барои навсозии иншооти гидротехникӣ ва баррасии масъалаҳои дигари хоҷагии об аз вазифаҳои муҳими комиссия будааст.
Таъкид шудааст, ки дар кори комиссия бояд баробарӣ бошад ва комиссияро ду нафар — яке аз Тоҷикистон ва дигарӣ аз Қирғизистон роҳбарӣ мекунанд.
Комиссия бояд дар як сол на камтар аз ду маротиба маҷлис гузаронад ва дар ҷаласаҳо, ки бо навбат дар Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешаванд, масъалаҳои обро баррасӣ кунанд. Таъкид шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ маҷлисҳои ғайринавбатӣ бо аниқ кардани макон ва вақти баргузории он аз ҷониби раисони комиссия, гузаронида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, роҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид. Он ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид ва аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.
Дар ин муддат, Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи кӯчонидани сокинони минтақаҳои ивазшудаи наздимарзиро баррасӣ карданд. Ҷониби Қирғизистон ба гузоштани симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон ва сохтмони хонаҳо барои сокинони минтақаҳои ивазшуда оғоз кард. Тоҷикистон дар ин маврид ҳоло иттилои расмие нашр накардааст.
Ҳамчунин равуои ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек аз 14-уми март аз сар гирифта шуд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)