< Маоши миёна дар Тоҷикистон боло рафта, лекин дар пардохти он мушкил дида мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маоши миёна дар Тоҷикистон боло рафта, лекин дар пардохти он мушкил дида мешавад

Маоши миёна дар Тоҷикистон боло рафта, лекин дар пардохти он мушкил дида мешавад
​Тайи соли ахир музди меҳнат аз ҳама бештар дар бахши воқеии иқтисод — 15% зиёд шудааст. Болоравии зиёдтар дар саноати коркард ба қайд гирифта шуда, дар ин ҷо маоши миёна ба 2925 сомонӣ расидааст. Дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои ҷангал ва моҳидорӣ маош 14% афзуда, 1192 сомониро ташкил додаанд. Дар соҳаи сохтмон музди меҳнат 13,6% зиёд шуда, ба 3778 сомонӣ расидааст.

Даромади аз ҳама зиёдтар мисли пешин дар кормандони бахши молия ба қайд гирифта шудааст. Маоши миёнаи онҳо 18,4% афзуда, 7592 сомониро ташкил додааст. Дар соҳаи иттилоот ва алоқа сатҳи афзоши ҳудуди 6%-ро ташкил дода, маоши миёна ба 6535 сомонӣ баробар шудааст.

Болоравии нисбатан камтар дар соҳаи иҷтимоӣ ба назар мерасад. Дар соҳаи тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ музди меҳнат ҳамагӣ 1,3 ва дар соҳаи маориф — 4,1% афзудааст.

Маоши баланд дар минатқаҳо тариқи зайл аст:
— дар Душанбе — 3526 сомонӣ;
— дар Ноҳияҳои тобеи марказ — 3104 сомонӣ;
— дар вилояти Суғд — 2213 сомонӣ;
— дар вилояти Хатлон — 1930 сомонӣ;
— дар ВМКБ — 1733 сомонӣ.

Маоши минималӣ ё худ ҳадди ақалл дар Тоҷикистон мисли пешин — 800 сомонӣ боқӣ мемонад.
Бо вуҷуди болоравии умумии маошҳо дар кишвар, дар пардохти он мушкилот дида мешавад. То охири моҳи августи соли 2025 қарз аз пардохти маош қариб 25,7 млн сомониро ташкил додааст. Қарзи аз ҳама зиёдтар дар саноати истихроҷ — зиёда аз 10,9 млн сомонӣ, бахши кишоварзӣ — 5,6 млн сомонӣ, инчунин соҳаи нақлиёт — 5,4 млн сомонӣ ҷамъ шудааст.

Коршиносон зикр мекунанд, ки афзоиши даромад нобаробар аст: маош аз ҳама босуръат дар соҳаҳои саноат, сохтмон ва молия ва аз ҳама сустттар — дар соҳаҳои буҷетӣ боло меравад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий