Пахта зиёду абрешим кам: рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод
Дар зарфи 9 моҳи соли 2025 истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон 2,4 баробар афзуда, ба 247,5 ҳазор тонна расид, лекин ҳаҷми истеҳсоли кирмаки пиллаи абрешим қариб 30% коҳиш ёфта, то 233,4 тонна поин афт.
Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии бахши кишоварзии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 58,68 млрд сомониро ташкил дод, ки 8,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин даври соли гузашта аст.Аз ин миқдор ҳаҷми маҳсулоти рустанипарварӣ 42,78 млрд сомонӣ (+7,5%) ва чорводорӣ — 15,9 млрд сомонӣ (+9,8%)-ро ташкил дод.
Дар ин самт саҳми вилоятҳои Хатлон ва Суғд бештар мебошад.
Соли серҳосил барои кишоварзони тоҷик
Аз лиҳози афзоиш пахта пешсафи мутлақ гардида, истеҳсоли он 2,4 баробар — то 247,5 ҳазор тонна афзуд.
Истеҳсоли ангур низ ба таври назаррас зиёд шуда, 251,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 28,2% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.
Ҳаҷми истеҳсоли себ низ ба андозаи қариб 29% афзуда, ба 192,9 ҳазор тонна расид.
Истеҳсоли зардолу ҳам 24,2% зиёд шудда, 321,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин мева аз ҳама бештар ба хориҷи кишвар содир мешавад, бахусус аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд.
Дар ин давра зиёда аз 1 млрд дона тухм (≈57 тыс. тонна) истеҳсол шудаааст, ки 15,9% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст. Афзоиши назаррас бахусус дар вилояти Суғд ба назар расида, дар он ҷо шумори корхонаҳои парандапарварӣ зиёд шуд.
Ғайр аз ин, ба сурати умум дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева (+16,4%), гӯшти чорвои калони шохдор ва майда (+10,6%) ва зироати хӯрокаи чорво (+8,9%) зиёд шуд.
Ҳосили пилла ва гандум кам шудИстеҳсоли на ҳамаи зироатҳо зиёд шуданд. Истеҳсоли кирмаки пилла то 233,4 ҳазор тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ 54,6% аз сатҳи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Ба коҳиши истеҳсол шароити обуҳаво ва камшавии майдони парвариши дарахтони тут таъсир расониданд.
Дар истеҳсоли пиёз низ коҳиши назаррас мушоҳида мешавад. Ҳосили ин сабзавот 588,3 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 26,9% камтар аст. Кишоварзон қисман аз парвариши он даст кашида, зироатҳои нисбатан фоидаоварро парвариш мекунанд.
Истеҳсоли асал 3,7 ҳазор тоннаро ташкил дода, сатҳи камшавӣ 12,3%-ро ташкил дод. Занбӯриасалпарварон зикр мекунанд, ки ҳавои нисбатан гарм ва хушксолӣ ба вазъият дар ин соҳа таъсири манфӣ расонидаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли гандум низ 11,4% кам шуда, ҳосили он 767,7 ҳазор тоннаро ташкил дод. Сабабҳои коҳиш норасоии намнокӣ ва камшавии ҳосилнокӣ дар қитъаҳои ҷудогона зикр мешавад.
Дар ин давра 1,41 млн тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 6,4% камтар нисбат ба соли 2024 аст. Дар истеҳсоли картошка ва сабзавот низ камшавӣ ба қайд гирифта шуда, сатҳи коҳиш мутаносибан 4,4% ва 3,6%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳоло идома дорад ва дар нишондиҳандаҳои боло метавонанд тағйирот сурат гиранд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)