< Оғози барқарор шудани қурби доллар нисбат ба сомонӣ пас аз поинравии бардавом » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози барқарор шудани қурби доллар нисбат ба сомонӣ пас аз поинравии бардавом

Оғози барқарор шудани қурби доллар нисбат ба сомонӣ пас аз поинравии бардавом
​Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ аз нимаи моҳи сентябри соли равон то аввали даҳаи охири моҳи ҷорӣ ба андозаи 3,2% — аз 9,51  сомонӣ барои 1 доллар рӯзи 15 сентябр то 9,21 сомонӣ дар рӯзи 21 октябр поин рафт. Аммо дар давоми се рӯзи ахир он то 9,25 сомонӣ зиёд шуд.

Қурби асъори амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ахиран нимаи соли 2018 дар чунин сатҳ қарор дошт.

Ба сурати умум, аз оғози соли 2025 доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон ба андозаи 15,1% беқурб шуд.Мутахассисони БМТ шарҳ дода буданд, ки тағйири қурби асъори миллӣ нисбат ба доллар ба як қатор омилҳои беруна ва дохилӣ вобаста аст.

Дар БМТ омилҳои берунаро ҳаҷми асъори воридшуда аз хориҷа, рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва иқтисодӣ дар дунё, тағйири сиёсати бонкҳои марказии кишварҳои пешрафта, инчунин тағйирёбии қурби рубли Русия маънидод мекунанд. Омилҳои дохилӣ аз сатҳи талабот ба асъор дар дохили кишвар ва фаъолияти низоми бонкӣ дар самти қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба асъори хориҷӣ иборатанд.
«Ин равандҳо мавсимӣ буда, таъсири он ба қурби сомонӣ вобаста ба вақти сол фарқ мекунанд», — шарҳ доданд дар БМТ.
Айни замон яке аз омилҳои калидие, ки ба мустаҳкам шудани қурби расмии пули миллӣ мусоидат мекунад, тибқи арзёбии мутахассисони Бонки миллӣ, болоравии қури рубли Русия нисбат ба доллар маҳсуб меёбад. Афзоиши ҳаҷми вориоти рубл ба кишвар тадриҷан ба мустаҳкам шудани қурби сомонӣ нисбат ба доллар оварда мерасонад.

Ғайр аз ин, дар Бонки миллӣ илова намуданд, ки дар мавсими ҷорӣ талабот ба асъор аз ҷонби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, низоми бонкӣ талаботи маҷударо пурра қонеъ месозад, ки ин ҳам ба суботи қурб сомонӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тайи ҳафтаи ахир қрби доллар нисбат рубл коҳиши бомаромро нишон дод: агар дар аввали давра асъори амрикоӣ дар ҳудуди 83 сомонӣ савдо мешуд, пас дар охири ҳафта то 80-81 доллар поин рафт. Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар ин давра қурби рубл тақрибан 2-3% мустаҳкам шуда, пас аз ин тасҳеҳи начандон назаррас сурат гирифт.

Мутахассисони Бонки марказии Русия қавӣ гардидани қурби асъори Русияро бо якчанд омил маънидод мекунанд. Миёни онҳо сиёсати шадиди молиявии Бонки марказии Русия, меъёри калидии боқимонда ва маҳдуд сохтани ҳаракати сармоя, ки фишор ба рублро кам карда, талабот ба асъорро маҳдуд сохтанд, номбар мешаванд. Талабот ба асъори хориҷӣ миёни воридкунандагон паст боқӣ мемонад, ки ин ҳам ба мустаҳкам шудани қурби рубл мусоидат мекунад.

Болоравии нархи нафт дар ҷаҳон низ асъори Русияро дастгирӣ мекунад ва воридоти даромад аз содиротро таъмин менамояд.

Дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат коршиносон аз он интизорӣ доранд, ки қурби рубл дар ҳудуди 80-82 рубл барои 1 доллар боқӣ мемонад, лекин огоҳ месозанд, ки бозор мисли пешин ба калавишҳои нархи нафт дар ҷаҳон, ҷараёни содирот ва маҳдудиятҳои эҳтимолии таҳримҳо, ки метавонанд ба тавоузни талабот ва пешниҳоди асъор таъсир расонанд, ҳассос боқӣ мемонад.


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий