< Бозии рӯз: Тоҷикистон – Эрон, имашаб дар ТВ “Варзиш” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Эрон, имашаб дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Эрон, имашаб дар ТВ “Варзиш”
​Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо иштирокчии Ҷоми ҷаҳон-2026 — тими миллии Эрон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:30 оғоз мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқа аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуда, дар даври дуюм бар Афғонистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.

Дастаи Эрон дар даври аввал бар Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ва дар даври дуюм бо ҳисоби 3:0 бар Ҳиндустон ғолиб омад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи «В» Эрон бо 6 имтиёз дар зинаи аввал, Ҳиндустон бо 3 имтиёз дар зинаи дуюм, Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Афғонистон бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ барои дастгирии миллипӯшони меҳан дар чунин рақобати муҳим даъват менамоем


Сарчашма:  varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий