< Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт

Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт
​Мусобиқаи байналмилалӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар варзишгарон аз 6 давлат — Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус оғоз шуда, то 4 сентябр идома меёбад.

Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои варзишгарони тоҷик мактаби таҷриба ва ирода буда, имконият медиҳад Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта шавад.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат иқдоми муфид ба роҳ монда шуд.

Чанд сол аст, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир карда мешавад. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо бо маҳораташон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.


Сарчашма:  khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий