35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом 714 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳр дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 толори варзишӣ сохта мешавад. Сохтмони толор соли 2020 оғоз гардида, бо дастгирии соҳибкорони саховатманд то ҷашни 35-солагии Истиқлол ба истифода дода мешавад. Дар айни замон муассиса, ки дорои 310 хонанда мебошад, ба соли нави таҳсил пурра омода гардидааст.
Дар шаҳри Конибодом дар назди Муассисаи таҳсилоти хусусии ба номи Очил Ҷӯраев бинои иловагӣ бо 8 синфхона, хонаи омӯзгорон ва утоқҳои корӣ бунёд карда шудааст.
Дар муассиса ҳоло 1200 хонанда аз шаҳрҳои Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ таҳсил мекунанд. Таълим бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир шуда, 5 омӯзгори хориҷӣ низ даъват гардидаанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари зист барои хонандагону омӯзгорон масъулин тасмим гирифтаанд, ки бинои сеошёнаи хобгоҳ бунёд намоянд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)