ОРОМИВУ СУБОТИ МИЛЛӢ – МЕҲВАРИ ДАСТУРОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
Дар низоми арзишҳои миллӣ ва маънавии дилхоҳ миллату давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон волотару гаронарзиштар аз амнияту субот нест ва буда ҳам наметавонад. Агар барои сохтмони ягон бино унсури заруртарин таҳкурсии мустаҳками он бошад, барои вуҷуди як ҷомеа ва кишваре, ки ба ояндаи нек умед дорад ва кӯшишҳое дар ин ҷода мекунад, омили асосии пешрафт ва рифоҳи зиндагии мардуми он, бешубҳа, сулҳу субот ва амнияту оромӣ ба шумор меравад.
Аслан мавҷудияти сулҳу осоиш барои ҳар давлате зарур аст, новобаста аз он ки раъияташон кадом дину ойини эътиқодиро парастиш мекунанд. Осудагиву субот ҳам барои ҷумлаи диндорон ва ҳам онҳое зарур аст, ки ҳеҷ гуна эътиқоди диние дар қалбҳояшон надоранд. Аммо дар ин миён дин ҳамчун як навъи ниҳоят гаронмояи шуури ҷомеа дар таъмини сулҳу осудагӣ ва амнияту суботи сиёсиву иҷтимоӣ нақши ниҳоят бориз дорад. Ҳама динҳои олам асосан сулҳдӯсту суботхоҳанд, лекин мақому манзалати дини мубини Ислом дар миёни дигар адён дар масъалаи таъмини як зиндагии бидуни муноқиша ва ихтилофоти иҷтимоӣ бағоят бузург ва омӯзанда аст.
Дини Ислом тӯли 1400 сол ба ҳайси дастури зиндагии ибратомӯз барои кулли башарияти олам хидмат кардааст ва имрӯз низ ҳамин рисолати азалии хешро иҷро мекунад. Дар Қуръони карим – ояти 208-и сураи «Бақара» Худованди мутаъол ба бандагонаш амр кардааст, ки «Эй касоне, ки имон овардаед, ҳама якҷо ба Ислом дароед ва гомҳои шайтонро пайравӣ накунед». Дар шароити сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардани пайравони Ислом фармудаи Худост ва интихоби тариқи муқобили он, яъне дар ҳоли нифоқу ихтилоф арзи вуҷуд намудан пайравӣ ба аъмоли шайтон ҳисобида мешавад. Яъне сулҳ неъматест, ки самараи он бахту саодат ва иқболи баланд аст, баръакси он – парешониву адами меҳру муҳаббати инсонист. Агар амиқтар биандешем, хоҳем дид, ки давлатҳое, ки ба ҷангу зӯроварӣ ва ихтилофоти иҷтимоӣ майл доранд, аслан ба мақсадҳояшон намерасанд. Дини мубини Ислом таҷрибаи ғановатманде дорад, ки то кунун аҳаммияти бузурги худро нигаҳ доштааст ва ҳамчун дастури ҳаёт барои мардуми ҷаҳон хизмат мекунад.
Дар ояти 49-и сураи «Ҳуҷурот»-и Қуръони карим омадааст: «Ва агар ду гурӯҳ аз муъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед». Оштӣ афкандан миёни гурӯҳҳое, ки байни ҳам пархош мекунанд, беҳтарин фазилати дини муҳаммадист.
Ислом бар ин ақида аст, ки ҳама гуна ихтилофотро бо неруи сулҳу субот ва якдигарфаҳмию эҳтиромоти ҳамдигарӣ ҳал кардан мумкин аст ва дар ҳеҷ сурат зӯроварию бо қудрати силоҳи хунрез баррасӣ кардани масъалаҳои зиндагӣ инсониятро ба мақсаду мароми ояндааш намерасонад. Дини мубини Ислом ба андозае дар ин масъала аҳаммият додааст, ки ҳатто дурӯғи ба сулҳу субот мусоидат мекардагиро мубоҳ медонад. Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» оварда шудааст, ки Пайғамбари Ислом гуфтаанд: «Суханоне, ки боиси ислоҳи муносибати байни одамон мешаванд ва миёни онҳо оштӣ меандозанд, дурӯғ ҳисобида намешавад».
Мисоли дигареро аз рӯзгори ибратомӯзи Пайғамбари Ислом овардан ҷоиз аст. Ҳангоми фатҳи Макка мушрикон қатли ом шуданро интизор буданд, вале Пайғамбар (с) рехтани хуни касеро нахоста, боварии душманони хуниашро ҳифз карда, онҳоро озод гузошт. Мусулмонон пайравони дигар динҳоро дар ҳар давру замон муҳофизат карда, пеши роҳи боварӣ ва эътиқодоти онҳоро нагирифта, онҳоро озод гузоштанд. Яъне Пайғамбари Ислом (с) имконият дошт, ки мушрикини бадхоҳу ситамгарро ҷазо диҳад, вале ба хотири суботи умумӣ ва бо умеди ислоҳи хатоҳо онҳоро бидуни ҷазо гузошт, то ки дарси ибрат ба ояндагон шавад.
Ҳама ҳадафҳои исломи бузург барои хушбахтии инсоният ва пешрафти зиндагии модию маънавии онҳо равона шудааст. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки мардумро ба сулҳу амонӣ даъват кунем ва бифаҳмонем, ки Ислом аз террору зӯроварӣ безор аст. Ҳар гоҳ ки ин ақидаро мардуми олам дуруст дарк кунанд, силоҳҳо ба гулҳо табдил мешаванд ва дар байни ҳамагон дӯстӣ ва муҳаббат пайдо мешавад, бо вуҷуди он ки дину ойинашон дигаргун бошад.
Сулҳу субот ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум, махсусан дар шароите ниҳоят зарур аст, ки давлату миллат дар шоҳроҳи тараққиёт қарор доранд. Тоҷикистон 27-умин соли истиқлолро пушти сар кард ва имрӯз барои ҳалли масъалаҳои пешрафт аз ҳама бештар субот ва оромӣ зарур аст. Зиндагӣ дар партави сулҳу субот беҳтарин сабақи имондорист.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи “Ҳоҷӣ Абдулмӯъмин” Насриддинов А.
Ҷамоати деҳоти С.Раҳимов
ноҳияи Темурмалик

Комментарии (0)