< Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон

Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ омори гирифторшавӣ ба COVID-19-ро нав кард, ки тибқи нишондоди он шумори мубталоён рӯз то рӯз коҳиш меёбад

Давоми 24 соати охир дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин, дар як рӯзи охир 8 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд, фавтидагон ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 351 мавриди сирояти COVID-19 ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17203 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтанд.

Аз 20 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашуда буд. Аммо, ҳолатҳои беморӣ дигарбора аз 21 январи 2022 ба қайд гирифта шуд.

Дар баробари ин дар мамлакат тамоюли мусбат ба амал омадааст: шумораи мубталоёни нав руз аз руз кам шуда, шумораи шифоёфтагон меафзояд.

Ҳамчунин, аз оғози мавҷи севум то ҳол ягон марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар пасманзари афзоиши ибтило ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи ин беморӣ идома дорад. Ҳоло тақрибан 80 дарсади сокинони кишвар моякӯбӣ шудаанд, ки тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ аст. Шаҳрвандон метавонанд ваксинаҳои Sputnik V, AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Pfizer ройгон дастрас кунанд

Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши як штамми "омикрон"-и COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий