Бӯйи номардӣ аз сардабири ватангадо!

Дар байни мардуми Тоҷикистон мафҳуме паҳн шудааст, ки агар марде нисбати наздиконаш ё дӯстонаш амали ношоистаеро анҷом диҳад, рафтори ӯро номардӣ мепиндоранд. Халқи ҷангдидаи Тоҷикистон инак зиёда аз 25- сол мешавад, ки номардиҳои фарзандони нохалафи худро ҳамчун мероси ҷанги шаҳрвандӣ эҳсос менамояд. Зеро, як қисми нафарони зархарид ва ватанфурӯш, ки номи тоҷикро арзанда нестанд, виҷдони худро бо маблағи хоҷагони хориҷӣ иваз кардаву рафторҳои онон бӯи бади номардиро шабоҳат дорад. Ин тоифа гумроҳони ватангадо ба ҷои он, ки дар миқёси олам аз раванди ободонӣ ва сулҳҷӯёнаи кишвари аҷдодиашон муаррифӣ намоянд, пешаи номардиро бар худ касб намуда доимо санги маломат ва тӯҳмат ба роҳбарияти қонунии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаво меандозанд.
Тоҷикистониён, хусусан насли калонсоли кишвар хуб медонанд, ки тавассути фаъолияти мақомотҳои қудратӣ Ватани азизамон аз душманони дохилӣ пок гардидааст ва тавоноии муқовимат ба душманони хориҷиро доро мебошад. Аз ин лиҳоз, шахсони бо ору номус ва ватандӯсти мамлакат барои ҳифзи Ватан ва миллати тоҷик аз иғвою дасисаҳои нафарони нобакори хориҷӣ доимо омодаанд. Барои нафароне, ки бо шири модар дар тани онҳо ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҷой гирифтааст, муқовимат бар зидди нопокони разил мояи ифтихор аст. Барои ин ташкили “фермаи ҷавоб” аз ҷониби ягон мақомоти давлатӣ ҳоҷате нест. Аммо, нафарони хӯрдагиру нопок дур аз макони авлодӣ наметавонанд дарк намоянд, ки инчунин мардони ватанпарвар ҳастанд. Зеро, дар ботини онҳо заррае аз вожаи ватандорӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносии миллӣ мавҷуд набуда тани онҳо ҳамчун зани танфурӯш хоҳони маблағи хоҷагони дилсиёҳ мебошад. Шиносоӣ бо суханронию изҳороти сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур шаҳодат медиҳад, ки ин нафари ноқисулақл кайҳо аз машомаш бӯйи Ватанро баркандаву амали ноҷавонмардонаро пешаи худ қарор додааст. Эҳтимол меравад, ки ин нафари разили ватангадо маҷбур аст, ки ин гуфтаҳоро аз тазъиқи хоҷагони худ тарсида баён карда бошад. Зеро, ӯ чи тавре, ки иқрор шудааст соҳиби чор фарзанди баркамол аст ва онҳоро вазифадор аст, ки хӯронида ва пӯшонида тавонад.
Моён, ҳамчун намояндаи табақаи зиёиёни Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сулҳу субот, осоиштагӣ ва ободонии Ватан ифтихор намуда ба гумроҳзадагони ифротгаро муроҷиат менамоем, ки агар онон мусалмони ҳақиқӣ бошанд, месазад, ки фарзандони худро бо луқмаи ҳалол ва ҳисси ватанпарварӣ таъмину тарбия намоянд. То он, ки онон баъд аз марги падар тавонанд, ки ба асли худ пайванданд.
Декани факултети геоэкология, дотсент Аминов М.Ҳ., муовини декан оид ба тарбияи факултети геоэкология Дадобоев М.А.
Комментарии (0)