Даргузашти Бахтиёр Раҳматуллоев, навозандаи номии Хуҷанд: ҳамагӣ 54 сол дошт
Бахтиёр Раҳматуллоев, мусиқинавоз ва роҳбари бадеии Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз олам даргузашт
Яке аз ҳамкорони марҳум дар таъйиди ин хабар гуфт, Раҳматтуллоев як ҳафта қабл дар шиддати фишорбаландӣ ғайриинтизор дучори сактаи мағзӣ гардиду дар бемористон бистарӣ карда шуда буд.
"Нимаи ҳафтаи гузашта дар ҳолати кома қарор гирифтанд ва дар Беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ карда шуданд, бо ҳамин дигар ба по наистоданд ва имрӯз ҷон ба Ҳақ супурданд. Аз марги нобаҳангоми Раҳматуллоев мо ҳамкорон андӯҳгин ҳастем", - гуфт ҳамкори марҳум.
Бахтиёр Раҳматуллоев, 23 майи соли 1967 дар шаҳри Хуванд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Соли 1989 омӯзишгоҳи мусиқи, ҳозира Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷандро хатм намуда, фаъолияти кориашро аз ҳамон сол дар ансамбли эстрадаи рақсии "Шабнам" ҳамчун роҳбари мусиқӣ оғоз намудааст.
Соли 2004 роҳбари бадеии ансанбли "Садои Суғд" - и Раёсати фарҳанги вилоят таъйин мегардад.
Аз моҳи майи соли 2008, яъне аз рӯзи ташкилшавии муассисаи фарҳангии давлатии Кохи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таъин гардида, то инҷониб ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолият дошт.
Раҳматуллоев соли 2009 ба унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Инчунин бо дипломи ҳунарпешаи беҳтарини эстрадаи вилояти Суғд аз ҷониби вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардидааст. Қарор аст, пагоҳ соати 11 ҷанозаи ин ҳунарманди суғдӣ ба хок супорида шавад.
Комментарии (0)