< Дар Душанбе намояндагии “Бонки кишоварзии Чин” боз мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе намояндагии “Бонки кишоварзии Чин” боз мешавад

Дар Душанбе намояндагии “Бонки кишоварзии Чин” боз мешавад
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ ифтитоҳи намояндагии “Бонки кишоварзии Чин”-ро дар шаҳри Душанбе маъқул донист.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, Департаменти назорати бонкӣ вазифадор карда шудааст, ки дар Феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ дар ин бора сабти дахлдорро ворид намояд.

Айни замон дар Тоҷикистон 15 бонки тиҷоратӣ фаъолият доранд, аз ҷумла 1 бнки исломӣ, 2 бонки давлатӣ ва 2 хориҷӣ – филилаи “Тиҷоратбонк”-и Эрон ва корхонаи фаръии “Халиқ бонк”-и Қазоқистон.

Масъалаи ифтитоҳи бонки Чин дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар доираҳои гуногуни ғайрирасмӣ баррасӣ ва зарурати фаъолияти чунин муассиса ба фаъолмандии иқтисодии ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ асоснок карда мешавад.

Ҳанӯз солҳои 2017-2018 дар бораи аз ҷониби сармоягузорони Чин харидорӣ шудани бонки он вақт мушкилдор – “Тоҷиксодиротбонк” овозаҳо ҷой доштанд. Аммо ин амал сурат нагирифта, бонки то соли 2016 низомсоз дар Тоҷикистон айни замон мавриди барҳамдиҳӣ қарор дорад.

Аз лиҳози ҳаҷми дороиҳо “Бонки кишоварзии Чин” натанҳо дар худи Чин, балки дар саросари ҷаҳон яке аз бонкҳои бузургтарин ба шумор меравад. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Пекин воқеъ аст.

Саҳҳомони бузургтарини бонк ширкати давлатии сармоягузории Huijin (40,03%) ва Вазорати молияи Чин (39,21%) мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий