< Боздиди сафири Русия аз майдони сохтмони мактабҳои Русия дар Душанбе ва Турсунзода » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздиди сафири Русия аз майдони сохтмони мактабҳои Русия дар Душанбе ва Турсунзода

Боздиди сафири Русия аз майдони сохтмони мактабҳои Русия дар Душанбе ва Турсунзода
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳамроҳи намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) аз майдони сохтмони ду мактабе, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода сохта мешавад, боздид намуд.

Фармоишгари татбиқи лоиҳаи бузургмиқёси мазкур бо супориши ҳукумати Русия Бонки авруосиёии рушд ва паймонкори кулли лоиҳа - «ЗАРУБЕЖДИПСТРОЙ» мебошанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии дипломатии Русия.

“Аз ҷараёни корҳо қаноатмандем. Др назар дорем, ки сохтмони мактабҳо тибқи ҷадвал - то 1 сентябри соли 2022 ба охир мерасад”, - иброз доштааст сафир.

Сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия ташаббуси муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия аст.

Чунин мактабҳо дар 5 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Дар ҳар кадоме аз ин мактабҳо барои таҳсили зиёда аз 1200 нафар хонандагон шароит фароҳам оварда мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий