< Авф ба Бузургмеҳр Ёров ҳам татбиқ шуд. Аз ҳукмаш 4 сол кам гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Авф ба Бузургмеҳр Ёров ҳам татбиқ шуд. Аз ҳукмаш 4 сол кам гардид

Авф ба Бузургмеҳр Ёров ҳам татбиқ шуд. Аз ҳукмаш 4 сол кам гардид
Тибқи қонуни авфи моҳи сентябр муҳлати ҳабси вакили дифои зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров чаҳор соли дигар кам карда шуд. Дар ин бора хоҳари Бузургмеҳр - Хосият Ёрова хабар дод.

Ӯ гуфт, роҳбарияти зиндон хабари кам кардани муҳлати ҳабсро рӯзи 13 октябр ба Бузургмеҳр Ёров расонидаанд.

“Бо дарназардошти авфи охир, афви соли 2019 (6,5 сол аз ҷазояш кам шуда буд) ва 6 соли дар маҳбас нишастанаш, 11 солу 6 моҳи дигари ҳукм мондааст”,- гуфт Ёрова.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки соли 2015 ба ҳимояи ҳуқуқии 13 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шурӯъ кард, тирамоҳи ҳамон сол ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи марти соли 2017 Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ - ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд. Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ иттиҳомҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ёров ва наздиконаш пештар гуфтанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ буд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номидааст.

Бузургмеҳр Ёров 50-сола ва фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 ба ин тараф ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва пеш аз ҳабс иттифоқи адвокатии “Сипар”-ро роҳбарӣ мекард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий