Сомон аз миёни 281 ҷудокор ҷойи панҷумро азхуд кард
Сомон Маҳмадбеков пас аз шикаст додани се рақиби худ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт, вале аз ҷудокорони фаронсавӣ ва руминиягӣ мағлуб гардид
Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - Paris Grand Slam 2021 ягона варзишгари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекард, мақоми панҷумро азхуд кард.
Сомон дар вазни 73 кило миёни намояндагони 45 кишвари дунё маҳорати худро нишон дод. Ҷамъан дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 281 варзишгар иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Сомонпаҳлавон дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа), Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ Сомон аз рақиби фаронсавии худ шикат хӯрд ва ҷудокори руминиягӣ низ варзишгари тоҷикро аз мақоми сеюм бенасиб кард.
Ҳамин тариқ, Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии Paris Grand Slam 2021 ҷойи 5-ум гирифт.
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Комментарии (0)