< Мулоқоти Ваколатдор бо аъзои зиндонии ҲНИТ: шарҳи шиканҷа ва норозигӣ аз ҳукми додгоҳ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мулоқоти Ваколатдор бо аъзои зиндонии ҲНИТ: шарҳи шиканҷа ва норозигӣ аз ҳукми додгоҳ

Мулоқоти Ваколатдор бо аъзои зиндонии ҲНИТ: шарҳи шиканҷа ва норозигӣ аз ҳукми додгоҳ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, аъзоёни зиндонии ҲНИТ шиканҷаи бераҳмона шуданашонро рад карда, танҳо аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ карданд

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Вазорати адлияи боздид карда бо бархе аз аъзоёни зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки қаблан хабарҳо дар бораи шиканҷаашон нашр шуда буд, мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон боздиди Умед Бобозода аз зиндон рӯзи 13 октябр сурат гирифтааст.

Ҳангоми боздид Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, шинос шуд Ҳамчунин, аз шароити моддӣ (хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса дидан намуд, афзудааст манбаъ.

Оид ба шароити нигоҳдорӣ ба маҳкумшудадагон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сӯҳбатҳои алоҳида низ гузаронидааст.

"Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо дар ВАО хабарҳо оид ба мавриди муносибати бераҳмона қарор гирифтанашон нашр шуда буд, шахсан вохӯрӣ намуд. Дар рафти суҳбат маҳкумшудагон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Давлатов Абдуқаҳҳор иброз намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор дода нашудаанд", - афзудааст манбаъ.

Ҳикматулло Сайфуллозода бошад дар суҳбат бо Ваколатдор гуфтааст, ки ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст ва ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.

Аъзоёни зиндонии ҲНИТ аз ҳукми судӣ норозигӣ баён намуда, гуфтаанд, ки нисбати ҳукми додгоҳ ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ барои аз нав баррасӣ намудан муроҷиат намудаанд.

"Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдори, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд", - гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо идома меёбад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий