Мутахассисони Роспотребнадзор барои баррасии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
Як гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор рӯзҳои наздик барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, зимни вохурӣ сафири Россия иттилоъ додааст, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, рӯзҳои наздик ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари кории хеш ба Тоҷикистон дар назар аст, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои кишвар боздид намуда, ҳамзамон, бо табибони тоҷик вохурӣ ва табодули таҷриба намоянд.
Зимни мулоқот ҳамзамон вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ баён намудаас.
Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки мутахассисони “Роспотребнадзор”- и Русия (Хадамоти федеролии назорати ҳуқуқи муштариён) барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Бар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст.
Комментарии (0)