< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда ва бебориш шуда, ҳарорат ба 14-16 дараҷа мерасад.  

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 дараҷа сард  шуда, рӯзона  3-8  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона  аз 0-5 то 7-12  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда,  рӯзона 3-8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9  ва рӯзона 11-16  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа ва рўзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ шабона 0-5 дараҷа  сард шуда, рўзона 3+8 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа  ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий