< Дастури Рустами Эмомалӣ барои танзими нарху аз байн бурдани миёнаравҳо ва рақобати солим » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастури Рустами Эмомалӣ барои танзими нарху аз байн бурдани миёнаравҳо ва рақобати солим

Дастури Рустами Эмомалӣ барои танзими нарху аз байн бурдани миёнаравҳо ва рақобати солим
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои фаровонии бозор ва пешгирии болоравии нарх ба масъулин дастур додааст

Тибқи иттилои  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дстгоҳи шаҳрдорӣ, номбурда ин нуктаро имрӯз зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе изҳор доштааст.

Ба иттилои манбаъ, Рустами эмомалӣ оид ба   пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия  дар пойтахт ба муовини соҳавӣ, раисони ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ аз байн бурдани миёнаравӣ ва таъмини рақобати солим аз фишангҳои дар қонун пешбинишуда, махсусан бо роҳи ворид намудани маҳсулоти захирашуда чораандешӣ намоянд.

Ҳамзамон дастур додааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ дар соли 2021  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид шуд, ки тибқи дастури ҳукумати Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Рустами Эмомалӣ ҳамзамон ба тобеинаш гуфтааст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент  бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша дар арафи Соли нави мелодӣ  ба аёдати   беморону маъюбон, ятимону шахсони эҳтиёҷманд рафта, аз аҳволашон  бохабар шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонед.

Комментарии (0)

Оставить комментарий