Афзоиши мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши камбизоатӣ дар соли 2020 пеш аз ҳама ба пандемияи коронавирус вобаста буд, ки ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар зарба зад
Дар соли 2020 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, гуфта мешавад дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди ҷумҳурӣ.
Ин тамоюл бо сабаби пандемияи коронавирус ба амал омадааст.
"Дурнамои коҳиши камбизоатӣ бад шуда, робитаи афзоиши ММД ва эҷоди ҷойҳои корӣ суст боқӣ мондааст",- қайд кардаанд муаллифони гузориш.
Мушаххас карда шудааст, ки пеш аз ҳама коҳиш ёфтани миқдори маблағҳои интиқолӣ боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ мегардад.
Ин ба коҳиши сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа вобаста аст.
Маҳз интиқоли маблағҳо аз хориҷа дастгирии асосии иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, хонаводаҳои камбизоат нисбат ба хонаводаҳои обод бештар вобастагии пули интиқолӣ доранд.
"Зиёда аз 80% хонаводаҳое, ки маблағҳои интиқолӣ мегиранд, гузориш доданд, ки онҳо маблағро асосан барои хӯрокворӣ ва дигар ашёи ниёзи аввалия сарф мекунанд", - гуфта мешавад дар гузориш.
Қаблан вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода гуфта буд, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83% дар соли 2000 то 26,3% дар соли 2020 коҳиш ёфтааст.
Дар рейтинги байналмилалии камбизоатӣ дар соли 2019, Тоҷикистон ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро пушти сар гузошта, дар зинаи 157 ҷой гирифт.
Тибқи пешгӯии ин муассисаи молиявӣ, қи қаблан нашр шуда буд, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар солҳои оянда, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон суст рушд хоҳад кард.
Комментарии (0)