< Корнамоии Фаррух ва Зариф дар Санкт Петербург (Видео) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Корнамоии Фаррух ва Зариф дар Санкт Петербург (Видео)

Корнамоии Фаррух ва Зариф дар Санкт Петербург (Видео)
Фаррух ва Зариф омадани кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро интизор нашуда, саъй карданд, ки оташро хомӯш кунанд.

Тавре ки ТВ “МИР” хабар медиҳад, ду ҷавонмарди тоҷик дар хомӯш кардани оташ дар як хонаи бисёрошёнаи шаҳараки Всеволожск, маҳаллаи  наздикии Санкт-Петербург кумак карда, чанд нафарро наҷот доданд.

Дар шаҳри Всеволожск, муҳоҷирон аз Тоҷикистонбо исми Фаррух ва Зариф  алангаи як манзилро дар ошёнаи 12-уми бинои истиқоматӣ мушоҳида карда, фавран ба кӯмак шитофтанд. Ин ҷавонон  на танҳо ба иҷоранишинон барои тарки бино кумак карданд, балки омадани кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро интизор нашуда,  саъй карданд, ки оташро хомӯш кунанд. То замоне, ки оташнишонҳо ба маҳалли ҳолати изтирорӣ расиданд, онҳо ба хонаи оташгирифта об оварда ба хомуш намудани сухтор сар карданд. Дар натиҷаи ин садама касе осеб надидааст.

https://news.rambler.ru/incidents/45400910-spasshie-lyudey-iz-pozhara-pod-peterburgom-migranty-popali-na-video/

Тавре хабарнигори  ин телевизион аз ҷои ҳодиса хабар медиҳад, Фаррух  Умаров ва Зариф Ниёзов –муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр таи се соли охир кор ва зиндагӣ мекардаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий