Бидуни марг, вале 39 ҳолати нави гирифторшавӣ: омори коронавирус дар Тоҷикистон
Дар 24 соати ахир аз дармонгоҳҳои Тоҷикистон 37 нафар шифоёфта аз маризии сироятии коронавирус мураххас шуданд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус барои як шабонарӯзи ахир нашр намуд.
Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Ба ҳамин минвол, аз аввоили хуруҷ ёфтани ин маризӣ дар Тоҷикистон 12 ҳазору 428 ҳолати гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.
"Дар як шабонарӯзи охир 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11833 (95,2%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Комментарии (0)