< Зувайдзода бо вазири навтаъйини Сурия баргардондани тоҷикистониёнро баррасӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зувайдзода бо вазири навтаъйини Сурия баргардондани тоҷикистониёнро баррасӣ кард

Зувайдзода бо вазири навтаъйини Сурия баргардондани тоҷикистониёнро баррасӣ кард
Зувайдулло Зувайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо вазири навтаъйини умури хориҷии Сурия баргардондани тоҷикистониёнро аз ин кишвар баррасӣ кард

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия, Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Манбаъ афзуд, ки мулоқот 3 декабр дар шаҳри Димишқ баргузор шуда, ҷонибҳо баргардондани тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ кардаанд.

«Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавл, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.

Сафири тоҷик инчунин номаи табрикии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба Файсал ал-Миқдод ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия супоридааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий