< Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд

Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд
Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст

Додситонии шаҳри Маскав аз судури ҳукми 13 соли зиндон барои як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар дод.

Ба гузориши расонаҳои Русия, додгоҳи минтақаи ғарби пойтахти Русия Шерафган Сайдалиев, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми иртиботу ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст.

"Сайдалиев пас аз байъат бо гурӯҳи ДОИШ борҳо аз тариқи бонк ба ҳисоби ин созмони террористӣ, пул ворид карда ва дар чанд амалиёт заминаи нақд кардани манобеи молии мавриди ниёзи аъзои ин гурӯҳро низ фароҳам кардааст, - омадааст дар иттилои манбаъ.

Мақомоти додгоҳи Маскав эълом кардаанд, ки Сайдалиев бо эътироф ба иттиҳомоташ ибрози пушаймонӣ карда ва ин мавзӯъ ҳангоми судури ҳукм мӯҷиби тахфифи муҷозоти ӯ шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий