Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои фармонҳо Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро аз мақоми раиси Бонки миллӣ барканор кард
Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.
Далели барканории Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба кори дигар гузаштан арзёбӣ шудааст.
Ҳоким Холиқзода, ки дар интихоботи парлумонии соли равон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд, баъдан ба мақоми муовини раиси Бонки миллӣ ва ҳамакнун ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шуд.
Бо фармони дигар, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шудааст.
Далели барканории ӯ низ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.
Комментарии (0)